Ба оянда нигоҳ карда, нуқтаҳоро пайваст карда намешавад, Ба оянда нигоҳ карда, нуқтаҳоро пайваст карда намешавад, танҳо ба гузашта нигоҳ карда, онҳоро пайваст кардан мумкин аст. Пас, шумо бояд бовар кунед, ки ин нуқтаҳо дар оянда ҳатман пайваст мешаванд. Шумо бояд боварӣ дошта бошед: боварӣ ба салиқа, тақдир, карма ва ё ҳар чизе, ки ба он эътиқод доред. боварӣ ба салиқа, тақдир, карма ва ё ҳар чизе, ки ба он эътиқод доред. боварӣ ба салиқа, тақдир, карма ва ё ҳар чизе, ки ба он эътиқод доред. Зеро боварӣ ба он ки дар поёни роҳ нуқтаҳо пайваст хоҳанд шуд, ба шумо қувваи боумед буданро медиҳад, то ҳатто, агар дар роҳи ноҳамвор қадам мезанед. Хос, ҳамин маъное ифода хоҳад кард. Вақти шумо маҳдуд аст, пас ҳаёти каси дигарро зиндагӣ карда онро исроф накунед. Таслими ақидаҳои хушку холӣ нашавед: он ақидаҳо дар натиҷаи андешаҳои ғайр ба миён омадаанд. Нагузоред, ки ғавғои андешаи дигарон садои даруниятонро аз байн барад! Барои худ муайян кунед, ки чиро дӯст медоред. Ва он, ҳам барои кори мекардаи шумо ва ҳам барои дӯстдоронатон муфид хоҳад буд. Ва он, ҳам барои кори мекардаи шумо ва ҳам барои дӯстдоронатон муфид хоҳад буд. Касби интихобкарда аксари вақти шуморо машғул хоҳад кард ва роҳи ягона барои татминёбии ҳақиқӣ ин бо коре машғул шудан аст, ки ба бузургии он боварӣ доред. Ва роҳи ягона барои анҷоми корҳои бузург ин дӯст доштани кори хеш аст. Агар то ҳол онро муайян накарда бошед, пас онро ҷӯё бошед. Беист ҷӯё бошед! Ҷасорате пайдо карда, ба дил ва салиқаи хеш гӯш диҳед. Зеро онҳо аллакай медонанд, ки шумо дар ҳақиқат кӣ шудан мехоҳед. Шумо дар тӯли ҳаёти хеш дар баробари муваффақ гаштан ҳатман шикаст ҳам мехӯред. Аксарият ҳамоно таслим мешаванд. Оё шумо медонед, ки рӯҳи одамӣ то чӣ андоза қавӣ аст? Дар дунё чизе нест, ки ба андозаи он қавӣ бошад. Рӯҳи одамиро куштан душвор аст! Ҳаркӣ соҳиби саломатист, соҳиби дороӣ аст ва муносибати хушбахтонае бо атрофиёнаш дорад, боҳузур аст. Дар чунин ҳолат ҳар касе бошад метавонад хушбин бошад. Дар чунин ҳолат ҳар кас мақсадҳои олиро назди худ гузошта метавонад, ҳар кас умеди қавие дар чунин шароит метавонад дошта бошад. Даъвати ҳақиқӣ барои камолоти фикрӣ, ҳиссӣ ва маънавӣ замоне меояд, ки шикаст мехӯред. Амал кардан ҷасоратро талаб мекунад. Сабаби шикаст хӯрдан ин холигӣ аст. Он ҷасоратро талаб мекунад, то ки сарҷамъ шуда, аз нав оғоз кунед. Ваҳм орзуҳоро мекушад! Ваҳм умедро мекушад! Ваҳм... инсонро ба рахти беморхона меафтонад. Ваҳм касро пир мекунад. Он аз иҷрои коре, ки боварӣ доред муваффақ мешавед, бозмедорад. Он шуморо карахт мекунад! Дар натиҷаи ҳар эҳсосот холигие... вале дар паси ҳар принсип – дурнамое. Дар паси ҳар эҳсоси хурди шумо метавонад ҳеҷ чизе мавҷуд набошад. Вале дар паси ҳар принсип дурнамо мавҷуд аст. Вале дар паси ҳар принсип дурнамо мавҷуд аст. Вале дар паси ҳар принсип дурнамо мавҷуд аст. Ҳамин тавр баъзе аз шумоён... сабаби он ки чаро ҳоло ҳам ноили мақсади хеш нагаштед, чунки шумо варотар аз эҳсоси худ 
қадам зада натавонистаед. Ҳама гап сари эҳсоси шумо аст, Шумо бедор шудан намехоҳед. Кӣ мехоҳад? Шумо ҳар рӯз ба орзуҳоятон "Не, ҳаргиз!" мегӯед. Шумо метавонед орзуҳоятонро шаш моҳ ва ё як сол ба таъхир гузоред. Ҳамон як рӯзи муқаррарие, ки шумо амал намекунед, намедонам, ки то чӣ вақте ноил шудан Ҳамон як рӯзи муқаррарие, ки шумо амал намекунед, намедонам, ки то чӣ андоза ноил шудан ба орзуҳоятонро ба таъхир мегузорад. Ҳамон як рӯзи муқаррарие, ки шумо амал намекунед, намедонам, ки то чӣ андоза ноил шудан ба орзуҳоятонро ба таъхир мегузорад. Ҳаргиз нагузоред, ки эҳсосот шуморо зери идораи худ қарор диҳанд. Дуруст аст, ки мо эҳсосием, вале сараввал корро бояд аз тарбияи эҳсосоти хеш оғоз кард. Агар шумо эҳсосҳоятонро тарбия надиҳеду ром накунед,онҳо шуморо ром мекунанд! Шумо ром шудани онҳоро хоҳонед! Ва барои ин ҳарчӣ аз даст ояд, бояд ба ҷой оред. Ба самти созандагӣ тағйир додани худ кори осон нест. Ин кори осон нест! Агар ин дар ҳақиқат осон мебуд, пас ҳар касе хост, дар он самт худро тағйир дод. Вале, агар шумо дар ин самт ҷиддӣ бошед, пас муваффақ хоҳед шуд! Инҷо ҳама зери идораи ман қарор доранд! Ман намегузорам, ки он маро шиканад! Ман намегузорам, ки он маро нобуд кунад! Ман акнун бармегардам! Аз ин рӯ ман қавитар ва беҳтар хоҳам буд! Шумо бояд эълом доред... Ин ҳамонест, ки барояш мубориза мебаред! Шумо барои орзуҳоятон мубориза мебаред! Барои фикратон мубориза мебаред! Барои беҳбудии башарият мубориза мебаред! Масъулияти пурраи ҳаёти хешро ба даст гиред! Вазъи кунуниро қабул карда, масъулияти қадамҳои навбатиятонро ба ӯҳда гиред. Шумо метавонед қарор диҳед, ки "ҳар рӯзи минбаъда ба сони рӯзи вопасинам аст!" Ва ҳар рӯзи баъдиро бо шавқ зий! БО ИШҚИ ЗИЁД ЗИЙ! Бо қароре зий, ки минбаъд худро водор хоҳӣ кард! Тавре зий, ки боби вопасини китоби ҳаётат ҳоло нонавишта аст. Муҳим нест, ки дирӯз чӣ шуд? Муҳим нест, ки бо шумо чӣ рух медиҳад! Муҳим он аст, ки бо ҳамаи ин чӣ хоҳед кард? "Соли равон ман ин орзуямро амалӣ хоҳам кард!" "Дубора онро ба таъхир намегузорам!" "Ман метавонам!" "Ман метавонам!" "МАН МЕТАВОНАМ!" ИСТОДАГАРӢ КАРДАН – гумон мекунам барои ҳама муҳим аст! Таслим нашавед, ба ақиб қадам назанед! Ба ҳар савол доим посухе мавҷуд аст!